Даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028

0
1166

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи аҳли сайёраро борҳо барои беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, самаранокии истифодаи захираҳои об ҷалб намудааст.

Раванди тағирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, хушкшавӣ ё биёбоншавӣ дар баъзе аз минтақаҳои ҷаҳон, обхезиҳои шадид ва дигар офатҳои табиӣ, ки аз вайрон шудани  муҳит ё низоми табиат дар тамоми ҷаҳон сар мезананд, бо масъалаи дастрасӣ ба об, паҳн шудани бемориҳои сирояткунанда тариқи ифлос шудани оби ошомиданӣ масъалаҳои мубрам ва глобалие мебошанд, ки ба ҳаёти имрӯза ва ояндаи аҳолии ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад.

Бинобар ин, Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери унвони Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, саривақтӣ ва зарурӣ шумурда бо иттифоқӣ ва ҳаммуаллифии 177 кишвари узви СММ пазируфт.

Қобили ёдоварист, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея соли 2015 ироа шуда буд.

Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон шуд, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад. (22-юми март Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об мебошад.)

Ҳамин тариқ, бо ташшабуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 ҳамчун ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстона, ки барои беҳтаргардонии ҳаёти сокинони тамоми сайёра ба шумор рафта, эътибору нуфузи Тоҷикистонро дар кулли кишварҳои дунё оид ба ҳалли масоили ҷаҳонӣ боз ҳам боло бурдааст, мавриди амал қарор гирифт.

Тибқи пешгӯии коршиносон, афзоиши аҳолии сайёра то соли 2050 зиёда аз 9 миллиард нафарро ташкил хоҳад дод, ки дар ин ҳолат талабот ба захираҳои об босуръат ва зиёд афзоиш ёфта, мушкили норасоии он боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои ҷиддии нигаронкунандаро ба миён меорад, ки ин вазъият метавонад сабаби пайомадҳои манфӣ, ҳатто байни кишварҳо гардад.

Роҳандозӣ шудани «Соли байналмилалии оби тоза 2003», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015», Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013» ва ниҳоят Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Яъне ташшабусҳои ҷаҳоние, ки дар солҳои гузашта бо ибтикори Тоҷикистон амалӣ шуданд, дар таҳкими фаҳму дарки аҳамияти об барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳифзи экологӣ ва муҳити зист саҳми шоёни худро гузоштанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф намудаанд ҳамеша ба иқдомоти неку шоистаи ин абармарди таърихӣ арҷгузор мебошанд.

Зимни ин даҳсола аҳамият ва арзиши об ҳамчун омили рушди устувор мавриди баррасӣ қарор мегирад ва Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои захираҳои обӣ аз як ҷониб барои ҳалли мушкилоти марбут ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ талош намуда, аз ҷониби дигар аҳамияти ин захираи табиӣ ва неъмати бебаҳоро ба ҷаҳониён таъкид месозад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД