Қочоқчиёни маводи нашъаовар маҳкум гардиданд

0
1091

Тавре пешакӣ хабар дода будем, 13 декабри соли 2016 аз ҷониби кормандони Агентӣ гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ ошкор гардида, роҳбар ва аъзоёни фаъоли он – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Нуралӣ Додарович ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сиддиқи Муҳаммад Зирак бо 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дастгир карда шуданд.
12042017-8Дар асоси маълумотҳои мавҷуд буда, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Нуралӣ Додарович, бо тахаллуси “Нури-Қарағоч” роҳбари тоҷикистонии гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ буда, солҳои зиёд ба қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ба миқдори махсусан калон машғул мебошад. Ӯ яке аз нашъаҷаллобони машҳури Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, соли 2005 ҳамроҳи писари амакаш бо 191 кг воситаи нашъадор, ки зиёда аз 100 килограммашро героин ва 90 килограммашро афюн ташкил медод, дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуда буд. Тавре дертар маълум гардид, Бобоев Нуралӣ пас аз адои ҷазо аз мақсадҳои худ даст накашида, минбаъд низ фаъолияти ҷиноии худро давом дод.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмилии ошкоргардида иборат аз шаҳрвандони Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва дигар давлатҳо буда, фаъолияти ҷинояткоронаи онҳо аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон, Қирғизистон ва минбаъд ба Федератсияи Россия иборат мебошад.
Тафтишот муайян намудааст, ки шаҳрванди ҶИА роҳбарии умумии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро бар ӯҳда дошта, тахминан охирҳои моҳи ноябри соли 2016 қочоқи 203 кг. 622 грамм воситаҳои нашъадорро аз ҶИА ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан назорат намудааст. Аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллии мазкур бо дастур ва супоришҳои роҳбари гурӯҳи муташаккил миқдори махсусан калони воситаҳои нашъадорро бастабандӣ намуда, минбаъд тариқи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ интиқол додаанд.
12042017-7Баъд аз ин, яке аз аъзоёни фаъоли гурӯҳ шаҳрванди ҶИА Сиддиқи Муҳаммад Зирак аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада, он воситаҳои нашъадорро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудааст. Барои дар ҷойи бехавф нигоҳ доштан ва минбаъд ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва Федератсияи Россия бо тариқи қочоқ интиқол намудан, воситаҳои нашъадорро аз рӯи маслиҳати пешакӣ бояд ба роҳбари гурӯҳи Тоҷикистонӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Нуралӣ Додарович медод.
Бобоев Н.Д. бо мақсади ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва минбаъд интиқол намудани 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ба хориҷи кишвар, ба Муҳаммад Зирак як автомашинаро дода пешниҳод намудааст, ки он воситаҳои нашъадорро дар автомашинаи зикргардида ҷой намуда, ба ӯ оварда диҳад. Сиддиқи Муҳаммад Зирак супориши шарики ҷиноятии худ Бобоев Н.Д.-ро иҷро намудааст.

12042017-613 декабри соли 2016 ҳангоми додани воситаҳои нашъадор аъзои фаъоли гурӯҳи муташаккили ҷиноятии трансмиллӣ шаҳрванди ҶИА Сиддиқи Муҳаммад Зирак ва роҳбари тоҷикистонии он, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Нуралӣ Додарович бо 203 кг. 622 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” дастгир карда шуда, нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
7 феврали соли 2017 пешбурди тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятии мазкур ба итмом расонида шуда, онҳо бо моддаҳои 200 қисми 4 бандҳои “г, д” (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил, ба миқдори махсусан калон) ва 289 қисми 4 (қочоқи воситаҳои нашъадор аз ҷониби гурӯҳи муташаккил) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуданд. Фикри айбдоркунӣ бо парвандаи ҷиноятии мазкур, 13 феврали соли 2017 аз ҷониби Прокуратураи Генералӣ тасдиқ карда шуда барои моҳиятан дида баромадан ба мақомоти судӣ равон карда шудааст.
10 марти соли 2017 аз ҷониби мақомоти судӣ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоев Н.Д. ва шаҳрванди ҶИА Сиддиқи Муҳаммад Зирак бо моддаҳои дар боло зикргардидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, Сиддиқи Муҳаммад Зирак ба 25 сол маҳрум намудан аз озодӣ ва Бобоев Нуралӣ Додарович бошад ба 20 сол маҳрум намудан аз озодӣ маҳкум шуданд.
Инчунин бо ҳукми суд 2 адад автомашинаи гаронбаҳои тамғаҳои “БМВ” ва “ОПЕЛ”, инчунин зиёда аз 6000 доллари амрикоӣ пули нақд, ҷамъ маблағи зиёда аз 385 000 сомонӣ мусодира карда шуд.
Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати умури дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мактуб равон намуд, то ин ки саркарда ва аъзоёни боқимондаи ин гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ҳоло дар Афғонистон фаъолият менамоянд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД