Дар сарҳади давлатӣ миқдори махсусан калони маводи нашъаовар мусодира гардид

0
569

Бо вуҷуди он, ки ҳимояи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон рӯз то рӯз мустаҳкам гардида истодааст, бархе аз қочоқбарони афғон аз нияти худ оиди интиқол додани маводи нашъаовар ба қаламрави Тоҷикистон даст намекашанд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти навбатӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар хатти сарҳади давлатӣ миқдори калони маводи нашъаоварро мусодира намуданд.
21 июн дар асоси хабари оперативӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ҳудуди яке аз дидбонгоҳои сарҳадии ноҳияи Ҳамадонӣ кӯшиши қочоқи маводи нашъаоварро дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ намуданд.
Қочоқчиёни мусаллаҳи афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба қаламрави Тоҷикистон ворид гардиданд. Ҳангоми аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ ва сарҳадбонон додани фармон оиди таслим шудан, қочоқчиён муқобилияти мусаллаҳ нишон доданд. Дар натиҷа миёни қочоқчиён ва гурӯҳи оперативии таъсисдодашуда тирпарронӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар рафти тирпарронии шадид гурӯҳи қочоқчиён аз торикии шаб истифода бурда, ба қаламрави Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса кормандони фаврӣ дар ҷои ҳодиса ду адад борхалтаро бо маводи алафмонанд дарёфт намуданд.
Мутобиқи хулосаи экспертизаи судӣ маводи боздоштшуда бангдона бо вазни 24 килограмм 685 грамм мебошад.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, гурӯҳи қочоқбаронро шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амон валади Маҷид, истиқоматкунандаи вулусволии Дашти Қалъаи вилояти Тахор роҳбарӣ намудааст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД