Тири хокхӯрда

0
1275

Новобаста аз он, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон солҳои охир корҳоро оид ба ошкор намудани интиқолдиҳандагони маводи нашъаовар фаъол гардониданд ва садҳо парвандаҳои ҷиноӣ ба суд ирсол гардидаанд, қатори одамоне, ки барои даромади муфт ҳаёти худро зери хатар мегузоранд, кам намешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки ин ботлоқи ноустувор одамонро ба коми худ фурӯ мебарад.

Сокини яке аз ноҳияи ҷанубии вилояти Хатлон Раҷабов Т. солҳои 1992-1995 таппончаи Макаровро соҳиб шуд. Ҳамон вақт ният дошт, ки дар замони осоишта онро мефурӯшад.

Бо мақсади онро ба соҳибияти каси дигар додан таппончаро дар ҳавлии манзили истиқоматиаш зери хок пинҳон намуда, ғайриқонунӣ нигоҳ дошт. Умед дошт, ки касе дар бораи он чизе намедонад.

Пас аз он, ки дар ҷумҳурӣ муҳити осоиштагӣ ҳукмфармо шуд, ҳеҷ кас намехост бо силоҳи оташфишон сару кор гирад, бинобар ин таппонча боз чанд соли дигар дар зери замин пинҳон буд.


Соли 2000 Раҷабов Т. барои роҳзанӣ ва даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ба 15 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд. Моҳи апрели соли 2007 бо қонуни авф пеш аз мӯҳлат озод карда шуд.

Ин иқдоми башардӯстонаи ҳукуматро Раҷабов қабул накард. Дар дилаш орзу дошт, ки маблағи калонро соҳиб шавад, аммо меҳнат карданро тамоман дӯст намедошт, ҳол он ки дар хона чор фарзандаш гуруснагӣ мекашиданд.

Сол то сол қарзҳояш ҷамъ шудан гирифтанд. Моҳи феврали соли 2015 Раҷабов Т. қарор намуд, ки таппончаро ба маблағи 1000 доллари ШМА фурӯшад. Бо ин мақсад саҳари рӯз ба мошинаи сабукрав нишаста, сӯи шаҳри Қӯрғонтеппа равон шуд. Кормандони оперативии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Хатлон дар бораи муомилаи харидуфурӯш иттилоот гирифтанд ва Раҷабовро дар дохили автомашина дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ таппончаи тамғаи Макаров дарёфт гардид, ки тахминан бист сол ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешуд. Бино ба хулосаи экспертизаи баллистӣ, силоҳ дар ҳолати коршоям қарор дорад. .

Инчунин ҳангоми кофтукови шахсӣ аз ӯ як баста бо маводи гашиш дарёфт гардид. Сипас кормандони оперативӣ барои кофтуков ба манзили истиқоматии Раҷабов равон шуданд. Дар рафти кофтукови манзил аз дохили тафдони вайрона як баста бо маводи ҷигариранг ошкор гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи эксперизаи судии Раёсати Агентӣ муайян намуданд, маводи дарёфтшуда афюн буда, вазни он 454,3 грамм мебошад.

Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд. Дар рафти тафтишот Раҷабов Т. нишон дод, ки тахминан моҳи январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе рӯ ба рӯи бозори “Саховат” аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Ҷамшед ном шахси ба тафтишот номаълум, миллаташ афғон дар як бастаи селофании рангаш сиёҳ як миқдор воситаҳои нашъадори навъи афюнро ғайриқонунӣ ба даст оварда, онҳоро ба хонааш интиқол дода, бо мақсади дар оянда ба соҳибияти каси дигар додан, дар дохили тафдон пинҳон намудааст.

Дар рафти тафтишот гуноҳи Раҷабов Т. пурра исбот гардид.

Пас аз ба анҷом расидани тафтишот Гурӯҳи тафтишотии Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон парвандаи ҷиноиро ба суд ирсол намуд.

Суди шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон таҳти раисии Искандаров Б. парвандаи ҷиноиро баррасӣ намуда, ҳукм кард:

“Раҷабов Толиббек бо моддаи 195 қ.1 КҶ ҶТ (“Ғайриқонунӣ соҳиб шудан, ба дигарон додан, ба соҳибияти каси дигар додан, нигоҳ доштан, интиқол додан гирифта гаштани яроқ, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва воситаҳои таркиш), инчунин моддаи 200 қ. 3 бандҳои “а,в,д” (“Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан”) гунаҳгор дониста мешавад.

Бо дастрасии моддаи 67 қ. 1 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Раҷабов Толиббек ҷазои ниҳоии маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлаи нӯҳ солу шаш моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.

P.S. Боз як тақдири шикастаи шахсе, ки умед дошт тариқи фурӯши силоҳ ва маводи нашъаовар боигарӣ ба даст орад. Аммо таърих гувоҳ аст, ки ин боигарӣ ба касе хушбахтӣ наовардааст…

(Ному насаби маҳкумшуда иваз дода шудааст)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД