Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
91

4 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар баромадҳои кормандони Агентӣ қайд гардид ки аҳаммияти таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он ифода мегардад, ки ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.
Ҳамчунин, дар Конститутсия таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ мақсади фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор дода шудааст.
Халқи Тоҷикистон бори нахуст баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, кафолати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид.

IMG_5947

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД