Нишасти матбуотӣ дар Раёсати АНМН дар вилояти Хатлон

0
1824

Дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ширкати васеи рўзноманигорон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи Раёсати Агентӣ дар соли 2016 баргузор гардид.

Сардори Раёсат Хайруллозода М. доир ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентӣ дар шаш моҳи соли 2016 маълумоти муфассал дод.


Дар рафти нишасти матбуотӣ оид ба масоили пешгирии нашъамандӣ, ҳамкориҳои самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва баланд бардоштани рӯҳияи зиддинашъамандии табақаҳои гуногуни аҳолӣ, ки аз ҷониби кормандони Раёсат вохӯриҳои таблиғотии пешгирикунанда ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Нишасти матбуотӣ бо мубодилаи саволу ҷавоб байни масъулини Раёсат ва ҷамъи хабарнигорон ба поён расид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД