Маҷлис доир ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
263

18 август дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлис оид ба шарҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бо иштироки ҳайати шахсии Агентӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода кушода, қайд намуд, ки бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат даҳ сол пеш Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт.
Муовини Директор лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра шарҳ дода, қайд кард, ки ҳуҷҷати мазкур ба ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоии мардум, ба беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

IMG_2081
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромади худ иброз доштанд, дар давоми 10 соли қабули Қонуни мазкур харҷи нолозим коҳиш ёфтааст, ҳазорҳо ҷавонписарону ҷавондухтарон, ки бо сабабҳои мухталиф, аз ҷумла надоштани шароити молиявӣ, оиладор шуда наметавонистанд, соҳиби бахту саодат гардиданд.
Дар ин раванд шаҳрвандон дар гузаронидани ҷашну маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро дар давоми 10 соли қабули мазкур сарфа намудаанд. То қабули қонуни миллӣ ба ҳар оилаи тоҷик тақрибан 70 маъракаву маросим, аз ҷумла 10 маросими азодорӣ ва беш аз 60 маъракаи хурсандӣ рост меомад, ки на ҳамаи онҳо бо арзишҳои милливу мазҳабии мардуми тоҷик мутобиқат доштанд.

IMG_2101

Баъди қабули қонуни мазкур бо дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории дохилӣ, аз ҷумла кам намудани хароҷоти нолозим сатҳи камбизоатӣ дар байни 10 сол аз 53 фоиз то 30 фоиз, яъне 23 фоиз коҳиш дода шуд. Маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, харидории воситаҳои нақлиёт ва асбобу таҷҳизоти рӯзгор, инчунин, барои таълиму тарбияи фарзандон равона шуда истодаанд.
Сипас, корманди Ситоди Агентӣ Асозода Ф. баромад намуда, иброз дошт, ки дар санади мазкур тартибу низоми баргузории аксари маъракаҳо ва маросиму ҷашнҳои мардумӣ ба инобат гирифта шуданд, ки ин дар оянда боиси таваҷҷуҳи бештар зоҳир кардани падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандон, касбомӯзӣ ва гирифтани маълумоти иловагии онҳо хоҳад гашт.

IMG_2078

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД