ТАКМИЛИ САТҲИ ИТТИЛООТНОКИИ АҲОЛӢ ДАР НОҲИЯИ ЁВОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

0
341

Таи ҳафтаи равон кормандони Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ бо мақсади такмили сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар намуданд. Кормандони шуъбаи мазкур баргузории вохӯриҳои зиддинашъамандиро маҳз дар ҳамин минтақаҳо зарур шумурданд, зеро пӯшида нест, ки ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон даҳҳо ҳамватани маҳкум аз озодӣ доранд, ки бо ҷурми ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир по ба зиндон гузоштаанд. Мутобиқи омори расмӣ дар солҳои 2014- 101, 2015- 99, 2016- 8 ва дар 2017- 9 нафар дар дохил ва хориҷи кишвар барои содир намудани ҷиноятҳои мухадиротӣ маҳкум шудаанд.

Шояд чандин тифлони бепадармонда аз ҷабри тиҷорату интиқоли мухаддирот дар ин маҳалҳо зиндагӣ мекунанд, ки онҳоро бояд дар муҳити солим тарбия намуд.

Чунин вохӯриҳо дар байни хонандагон ва устодони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №30 ва №49-и ноҳия доир карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ кормандони Агентӣ оид ба хатари маводи нашъаовар, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла ВНМО/БПНМ, муносибат бо беморони нашъаманд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба даст доштан бо қочоқи маводи нашъаовар ва дигар мушкилиҳои мубрами рӯз дар байни зиёда аз 200 нафар хонандагони синфҳои болоӣ суханронӣ намуданд

Мавриди зикр аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо дар ноҳияҳои дурдаст ва осебпазир аз манфиат холӣ нест. Чунки иттилоотнокии мардум ва пешгирӣ аз сироятёбӣ ва бемориҳо беҳтар аз табобати он аст.

Идомаи силсилавохӯриҳо дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар назар аст.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД