КОРМАНДОНИ АГЕНТӢ АЗ ТЕАТР ДИДАН НАМУДАНД

0
833

   Ҳар инсоне, ки Ватани худро дӯст медорад, бояд арзишҳои фарҳангӣ ва маънавии онро донад, қадр ва арҷгузорӣ кунад.
Бо мақсади васеъ кардани ҷаҳонбинӣ ва мукаммал гардонидани сатҳи маънавиёти фарҳангии худ кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабр ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ташриф оварданд.
Ба тамошобинон намоишномаи драмавӣ бо номи «Кавсан» аз рӯйи асари драматурги тоҷик Ҷумъа Қуддус намоиш дода шуд.
Муҳтавои асосии он, мазаммати порагириву ришваситонӣ, ки яке аз мушкилоти мубрами рӯз мебошад, ба ҳисоб мерафт. Аз замони Пётри I ва шоҳ Комбиз дар қиёс ба имрӯз, ки чӣ гуна онҳо бо ришваситонӣ ва порагирӣ мубориза мебурданд, саҳначаҳо пешкаш гардиданд.
Афсарони Агентӣ намоишномае, ки аз тарафи ҳунармандони театр бо истеъдоди баланд ба саҳна гузошта шуд, тамошо намуда, тавонистанд хотираи беҳамтоеро бо худ гиранд.

20171215_184159   Дар хотимаи намоишнома Директори Агентӣ ба таҳиякунандагон ва ҳунармандони театр барои таҳияи чунин намоишнома изҳори сипос намуда, ба ҳайати эҷодии театр сабади гул бо сипосгузории кормандони Агентӣ тақдим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД