АМАЛИЁТИ “КӮКНОР-2018” ОҒОЗ ГАРДИД

0
575

17 майи соли равон дар бинои маъмурии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти “Кӯкнор-2018” ва амалиёти байналмилалии “Канал-Кордон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро муовини якуми Директори Агентӣ Зафар Самад оғоз намуда дар нутқи ифтитоҳии худ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамзамон оид ба зарурияти баргузории амалиётҳои мазкур суханронӣ намуд.

Ҳамасола амалиёти “Кӯкнор” дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ошкор ва нобуд сохтани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар инчунин, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталифи аҳолӣ дар ду марҳила – аз 20 май то 30 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябр роҳандозӣ мегардад.

Барои ташкили кор, назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар маҳалҳо дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ Ситоди кории амалиёти “Кӯкнор-2018” ташкил карда мешаванд.

Бо пешниҳоди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ Ситоди милли амалиёти “Канал-Кордон” дар назди Агентӣ созмон дода шуд. Ҳамзамон нақшаи чорабиниҳои амалиёти мазкур бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳои намояндагони мақомотҳо тасдиқ карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД