Баргузории 20 умин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ШҲРМС ММ СААД)

0
361

Санаи 1-уми июни соли 2018 дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон 20-умин Нишасти Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШҲРМС ММ СААД) таҳти раисии муовини Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Игор Зубов баргузор гардид.

Бо намояндагӣ аз ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Директори Агентӣ, полковники хизмати назорати маводи нашъаовар Самад Зафар иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот иштирокдорон масъалаҳоро оид ба таъсири маҷмӯӣ расонидан ба рушди механизми ҳамаи ҷанбаҳои тиҷорати маводи мухаддир, равона намудани  кӯшишҳои муштарак ба кам кардани истеҳсол, коҳиш додани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирии истеъмоли маводи нашъаовар ва мониторинги вазъи маводи нашъаоварро матраҳ намуданд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи мазкур оид ба идома ёфтани истеҳсоли маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва зиёд шудани кишти афюн дар ин минтақа, ҷамъбасти амалиёти байналмилалии зиддимухадиротии “Канал-Кордон”, ки  аз 28 май то 1 июни соли 2018 баргузор гардид ва ҳамзамон як қатор масъалаҳои марбут ба ин мушкилиҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мутобиқи тартиби қабул гардида, ҷаласаи навбатии нишасти 21 уми ШҲРМС ММ СААД соли 2019 дар Федератсияи Россия баргузор мегардад.

0.3 - копия

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД