КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ АГЕНТИИ

0
857

Бо фармоиши Директори Агентии
назорати маводи нашъаовари назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз “24” апрели соли 2017, №33
тасдиқ шудааст.

КОДЕКСИ ОДОБИ КОРМАНДИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси одоби корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Кодекс) маҷмўи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии корманди Агентиро, ки сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ўро дар хизмат ва ҷомеа таҷассум намуда, ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъият нисбат ба хизмат мебошанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Муқаррароти Кодекс нисбат ба корманди Агентӣ, ки мансабҳои хизматиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентӣ ишғол менамояд, татбиқ мегардад.
3. Корманди Агентӣ бояд иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст риоя намуда, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ки арзиши олӣ мебошанд таъмин ва ҳифз намоянд.
4. Корманди Агентӣ ба Кодекс шинос шуда, вазифадор аст талаботи онро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ риоя намояд.
*Эзоҳ: Рафтори хизматӣ – рафтору амал ва муносибати корманди Агентӣ, ки ҳангоми ба кор омадан, аз кор рафтан, иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ, иштирок дар маҷлису машваратҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар чорабиниҳои давлатӣ зоҳир мегардад.
**Эзоҳ: Рафтори ғайрихизматӣ – рафтору амал ва муносибати корманди Агентӣ, ки ба иҷрои ўҳдадориҳои мансабӣ иртибот надошта, берун аз ҷои кор дар ҷомеа зоҳир мегардад.

БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ОДОБИ КОРМАНДИ АГЕНТӢ

5. Кодекс ба принсипҳои зерини одоби корманди Агентӣ, ки аз принсипҳои хизмати давлатӣ ва хизмат дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бармеоянд, асос меёбад ва корманди Агентӣ ўҳдадор аст дар фаъолияти хизматӣ ва ғайрихизматӣ онҳоро ба роҳбарӣ гирад:
– қонуният – риояи дақиқ ва иҷрои пурраи меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
– афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – таъмини ҳифз ва мусоидат ба амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки арзиши олӣ мебошанд;
– садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон – ҳисси муҳаббат ба Ватан ва халқи Тоҷикистон, садоқат ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи муқаддас донистани ҳифзи Ватан, хизмати содиқона ба Ватан ва ҷомеаи Тоҷикистон;
– инсондўстӣ ва адолати иҷтимоӣ – эҳтиромона муносибат намудан ба инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, ки арзиши олӣ мебошанд, одилона, бовиҷдонона амал намудан, таъмини риояи адолати иҷтимоӣ зимни қабули қарорҳо;
– таҳаммулпазирӣ – эҳтиром ва дуруст дарк намудани фарҳангҳои мухталиф, рафтор, одат, ақида, дин, эҳтиромона муносибат намудан бо ҳамкорон, муроҷиаткунандагон, тобеон ва ҷомеа;
– поквиҷдонӣ ва беғаразӣ – татбиқи идоракунии самаранок, роҳ надодан ба бархўрди манфиатҳо, амалҳои коррупсионӣ, аз рўи таъинот ва ба нафъи умум истифода кардани воситаҳои моддию пулӣ, беғараз будан дар қабули қарорҳо;
– қатъият – муносибати сахтгирона доштан ва масъулият зоҳир кардан дар татбиқи вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ўҳдадориҳои мансабӣ;
– касбият ва салоҳиятнокии корманди Агентӣ – доштани донишҳои мушаххаси касбӣ, тахассус, маҳорат, малака, сифатҳои ташкилотчигӣ, ташаббускорӣ, қобилияти идоракунӣ, маҳорати роҳбарӣ ва ботаҷрибагӣ, ки асоси иҷрои муваффақонаи вазифаҳои мақомоти Агентӣ ва ўҳдадориҳои мансабӣ мегарданд;
– баландравии мансабии корманди Агентӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ – таъин (интихоб) гардидан ба мансаби дигар ё мансаби баланд бе роҳ додан ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ.
6. Кодекс ба дигар принсипҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёрҳои муқарраргардидаи рафтор низ асос меёбад.

БОБИ 3. ҚОИДАҲОИ РАФТОРИ ХИЗМАТӢ ВА ҒАЙРИХИЗМАТИИ КОРМАНДИ АГЕНТӢ

7. Корманди Агентӣ бояд:
– ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифз намояд, ба таърихи кишвари худ, ба урфу одатҳои миллӣ ва фарҳангӣ эҳтиромона муносибат намояд, манфиати давлатро аз манфиати шахсӣ боло гузорад ва нисбати муроҷиати шаҳрвандон бодиққат ва бомасъулият муносибат кунад;
– аз истифодаи мақоми хизматӣ, зуҳури ғарази шахсӣ ва худнамоӣ дар нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намояд;
– маъракаҳои бодабдаба, ки бар хилофи қонунгузорӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо сурат мегиранд нагузаронад ва ба суиистеъмоли нўшокиҳои спиртӣ роҳ надиҳад;
– аз таъсири шаҳрвандони алоҳида, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста набошад.
– интизоми давлатӣ ва хизматиро бечунучаро риоя намояд;
– ҳангоми аз сардори бевосита ва сардори болоӣ гирифтани амру супориш, дар навбати аввал амру супориши сардори болоиро иҷро намояд ва дар ин бора сардори бевоситаи худро хабардор созад;
– талаботи Савганди тантанавии ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
– қарзи шаҳрвандӣ ва хизматии худро софдилона иҷро намояд;
– шаффофияти равандҳои идоракунӣ ва қабули қарорҳо дар тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, адолати иҷтимоӣ ва ба миён овардани муҳити солими корӣ шартҳои муҳими таъмини поктинатӣ ва пешгирии коррупсия дар мақомоти Агентиро риоя намояд;
– ҳангоми адои хизмат оид ба ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ, кушодан ва тафтиши ҷиноятҳо босамар ва моҳирона амал кунад;
– барои анҷом додани кор дар сатҳи баланди касбӣ кўшиш ба харҷ диҳад, бо моликияти давлатии вобастагардида эҳтиёткорона муносибат намояд, онро самаранок истифода барад;
– эмин нигоҳ доштани силоҳи вобастагардида, дигар силоҳу аслиҳа ва техникаи махсус, ҳуҷҷатҳо ва шаҳодатномаи хизматиро таъмин намояд;
– ба зуҳуроти коррупсионӣ муқобилият намояд, ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсиониро фаъолона ошкор намояд ва барҳам занад;
– иттилооти махфӣ, сирри давлатӣ ва дигар сирҳои аз ҷониби қонун ҳифзшавандаро, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълум гардидаанд, фош накунад ва ба истифодабарии онҳо бо мақсадҳои ғаразнок роҳ надиҳад;
– қоидаҳои пушидани либоси низомиро бечунучаро риоя намояд, бошарафона онро ба бар намояд, ҳамеша ботартиб ва озода бошад;
7. Корманди Агентӣ бояд одилона амал намояд. Ҳангоми қабули қарор ва амалӣ намудани ваколатҳои худ, корманди Агентӣ ҳуқуқ надорад, ки дар асоси мансубияти миллӣ, нажодӣ, ҷинсӣ, забонӣ, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк ва дигар асосҳо ба шахсе хилофи қонунгузорӣ бартарият ва имтиёз диҳад.
8. Корманди Агентӣ бояд ба урфу одатҳои миллатҳо таҳаммулпазирӣ ва арҷгузорӣ намуда, хусусиятҳои фарҳангӣ ё дигар хусусиятҳои гурўҳҳои этникӣ ва иҷтимоиро ба инобат гирифта, ба созиши байни миллатҳо мусоидат намояд.
9. Корманди Агентӣ бояд дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба шаъну шараф, обрўю эътибори корманди Агентӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иснод наоварад.
10. Корманди Агентӣ, ки вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро ба ҷо меоварад ё ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ва ё маъмурию хоҷагидориро анҷом медиҳад, уҳдадор аст, ки ҳангоми интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо дар мақомоти Агентӣ ба хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ ва пуштибонӣ ҳамчун зуҳуроти кирдорҳои коррупсионӣ роҳ надиҳад.
11. Корманди Агентӣ бояд дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ устуворӣ ва қатъият зоҳир намуда, ба талаботҳои зерин ҷавобгў бошад:
– одобу ахлоқ ва маданияти баланди шахсӣ ва хизматӣ дошта бошад;
– аз рўи виҷдони пок ва дасту дили тоза фаъолият намояд;
– дониши баланди назариявӣ ва маҳорату малакаи баландӣ касбӣ дошта бошад;
– дар фаъолияти хизматӣ натиҷаҳои хуби корӣ ба даст орад.
12. Корманди Агентӣ, ки мансаби роҳбарикунандаро ишғол намудааст, бояд ҷиҳати риояи одоб ва ташкили шароити мувофиқ барои кори тобеони худ мусоидат намояд.
13. Корманди Агентӣ набояд то қабул намудани қарор, фармоиш, амр ё дигар супориши Директори Агентӣ ё дигар шахсони мансабдори Агентӣ, маълумотро дар бораи онҳо, ҳамчунин иттилооти нопурра ва дурўғро паҳн намояд ва ё барои гирифтани иттилооти хизматӣ, ки ба ваколати ў дохил намешавад, кўшиш кунад.
14. Корманди Агентӣ дар доираи уҳдадориҳои мансабии худ бояд ба фаъолияти воситаҳои ахбори омма оид ба иттилоотонии ҷомеа дар бораи кори Агентӣ барои гирифтани иттилооти дақиқ, ки қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, мусоидат намояд.
15. Корманди Агентӣ набояд пешниҳоди шаҳрвандон, гурўҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои касбӣ, намояндагони воситаи ахбори омма, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро, ки ба талаботи Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифанд, қабул намояд.
16. Корманди Агентӣ бояд ҷиҳати роҳ надодан ба бархўрди манфиатҳо, танзими ҳолатҳои пайдошудаи бархўрди манфиатҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чора андешад ва ҳаракатҳоеро, ки ба таъсири манфиатҳои шахсӣ, молу мулкӣ (молиявӣ), тиҷоратӣ ва дигар манфиатҳо иртибот доранд ва барои бовиҷдонона иҷро кардани ўҳдадориҳои мансабӣ монеа мешаванд, истисно намояд.
17. Корманди Агентӣ бояд ба кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи онҳо тадбирҳо андешад, ба гирифтан ва додани ҳар гуна тўҳфаҳо барои иҷрои вазифаҳои дар Агентӣ мавҷуд буда, ва ўҳдадориҳои мансабии худ, аз ҷумла ҳангоми дар сафари хизматӣ дар шакли моддӣ (пул, тўҳфа) ва дар шакли ғайримоддӣ (хизматрасонӣ), ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, роҳ надиҳад.
18. Корманди Агентӣ бояд ба роҳбари худ ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дахлдор дар бораи муроҷиати шахсон бо мақсади моил кардани ў барои содир намудани кирдорҳои коррупсионӣ маълумот диҳад .
19. Корманди Агентӣ набояд вазъи хизматии худро барои таъсир расонидан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва шаҳрвандон суиистифода намояд.
20. Корманди Агентӣ бояд воситаҳои давлатии (шабакаи Интернет, шабакаи дохилӣ, почтаи электронӣ, телефон, факс, нусхабардор, дигар таҷҳизот, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва арзишҳои моддию ғайримоддӣ) ба ў пешниҳодшударо барои манфиатҳои хизматӣ истифода намояд.
21. Корманди Агентӣ набояд фикри худро оид ба масъалаҳои сиёсати давлатӣ ва фаъолияти хизматӣ баён намояд, агар он:
– ба самтҳои асосии сиёсати давлат мувофиқ набошад;
– иттилооти хизматиро паҳн кунад, ки барои ба маълумоти умум расонидани он иҷозат набошад ё сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда бошад;
-нисбат ба шахсони мансабдори давлатӣ ифодаҳои аз одоб берунро доро бошад.
22. Корманди Агентӣ бояд дар муносибатҳои хизматӣ ва ғайрихизматӣ хоксору хушмуомила бошад.
23. Корманди Агентӣ бояд дар фаъолияти худ санъати сухан, қоидаҳои умумии муошират ва пўшидани либосро мутобиқи расмиёти одоби корӣ риоя кунад.
24. Корманди Агентӣ бояд ба ташрифоварандагон таваҷҷўҳ карда, ба арзи онҳо таҳаммулпазирона муносибат намояд ва ба онҳо тартиби баррасии муроҷиатҳо ва қонунгузории дахлдорро фаҳмонда, дар доираи салоҳият қарор қабул намояд.
25. Корманди Агентӣ ҳуқуқ дорад бо шаҳрвандони хориҷӣ танҳо бо тартиби муқарраршуда мулоқоти корӣ ва гуфтушунид гузаронад, бояд ҳангоми муошират бо шаҳрвандони хориҷӣ обрўйи Агентӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро паст назанад, масъалаҳои ба доираи ўҳдадориҳои мансабӣ дохилнабударо муҳокима нанамояд.

БОБИ 4. НАЗОРАТИ РИОЯИ КОДЕКСИ МАЗКУР.
ТАРТИБИ ТАШКИЛ ВА ФАЪОЛИЯТИ КОМИССИЯ ОИД БА ОДОБИ КОРМАНДИ АГЕНТӢ

26. Назорати риояи Кодекси мазкур дар Агентӣ аз тарафи комиссия оид ба одоби корманди Агентӣ (минбаъд-комиссия) амалӣ карда мешавад.
27. Комиссия бо фармоиши Директори Агентӣ дар ҳайати раис, котиб, аъзои комиссия иборат аз 3-7 нафар таъсис ёфта, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва Низомномаи комиссия, ки аз тарафи Директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад, фаъолият менамояд.
28. Директори Агентӣ раиси комиссия буда наметавонад.
29. Номзадҳо ҷиҳати ворид (бозхонд) ба (аз) ҳайати комиссия дар ҷаласаи умумии ҳайати шахсии Агентӣ ба Директори Агентӣ пешниҳод карда мешаванд.
30. Аъзои комиссия дар ҷаласа бе ҳуқуқи ивазшавӣ иштирок мекунад.
31. Комиссия аз рўи асосҳои зерин ҷаласа доир менамояд:
– дастури Директори Агентӣ;
– муроҷиати корманди Агентӣ;
– муроҷиати хаттии шаҳрвандон;
– дар мавриди аз тарафи комиссия ошкор намудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси мазкур.
32. Ҷаласаҳои комиссия дар 3 моҳ як маротиба ва ё бе маҳдудияти мўҳлат аз рўи зарурат гузаронида мешаванд.
33. Комиссия ҷаласаи худро дар муддати 14 рўзи корӣ аз рўзи ошкор шудани ҳолатҳои вайрон гардидани талаботи Кодекси мазкур мегузаронад.
34.Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он аз се ду ҳиссаи ҳайати он иштирок дошта бошанд.
35. Комиссия аз ҳисоби аъзои комиссия оид ба масъалаи дар ҷаласаи комиссия баррасишаванда маърўзачиро муайян менамояд ва аз шахсони дахлдор оид ба ҳолати вайрон гардидани қоидаҳои Кодекси мазкур баёнот мегирад.
36. Комиссия дар доираи салоҳияти худ аз натиҷаи муҳокима яке аз қарорҳои зеринро қабул намуда, ба Директори Агентӣ пешниҳод менамояд:
– дар бораи ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани корманди Агентӣ;
– дар бораи фиристодани мавод ҷиҳати баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ;
– дар ҳолати тасдиқ наёфтани ҳолати кор баррасӣ қатъ карда шавад.
37. Қарори комиссия дар ғоибии корманди Агентӣ бо овоздиҳии аксарияти иштироккунандагони ҷаласа қабул карда мешавад. Ҳангоми баробар будани овозҳо овози раиси комиссия ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
38. Рафти ҷаласаи комиссия ва қарори он бо протокол ба расмият дароварда мешавад. Дар рафти ҷаласа мумкин аст сабтҳои аудиоӣ ва видеоӣ истифода гарданд, ки онҳо низ ба протокол замима карда мешаванд.
39. Ба протокол раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд.
40. Қарори комиссия ба Директори Агентӣ пешниҳод карда шуда, барои татбиқи муҷозоти интизомӣ тибқи қонунгузорӣ асос мегардад.
41. Директори Агентӣ дар мавриди ошкор намудани ҳолатҳои нопуррагӣ ё вайрон кардани талаботи Кодекси мазкур метавонад маводро ҷиҳати баррасии иловагӣ ё такрорӣ ба комиссия баргардонад.
42. Нисбати қарори комиссия ё қарори Директори Агентӣ дар давоми як моҳи эътибори қонунӣ пайдо намудан ба комиссия, Директор Агентӣ, мақомоти болоӣ, мақоми ваколатдор ё суд шикоят кардан мумкин аст, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
43. Шикоятро мақоми ваколатдор аз болои қарори комиссия ва ё фармоиши Директори Агентӣ баррасӣ намуда, дар сурати ошкор шудани ҳолати риоя нагардидани тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба комиссия ва Директори Агентӣ дар бораи бекор кардани қарори қабулшуда пешниҳод манзур менамояд.
44. Ба вазифаҳои комиссия дохил мешаванд:
– амалӣ намудани назорати иҷрои муқаррароти Кодекси мазкур дар Агентӣ;
– баррасии ҳолатҳои вайрон намудани муқаррароти Кодекси мазкур аз тарафи кормандони Агентӣ;
– гузаронидани санҷиш ва рейдҳои ногаҳонӣ дар Агентӣ;
– доир намудани ҷаласаҳои комиссия;
– гирифтани баёноти шифоҳӣ ва хаттӣ аз кормандони дахлдори Агентӣ оид ба масъалаи баррасишаванда;
– бо тартиби муқарраргардида талаб намудани ҳуҷҷатҳо, мавод ва иттилоот аз мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дахлдор;
– ҷалб намудани коршиносон (экспертҳо), мутахассисон ва кормандони дахлдори мақоми давлатӣ барои пешниҳоди хулоса;
– баррасии шикоятҳои кормандони Агентӣ нисбат ба қарорҳои комиссия;
– машварат додан ба кормандони Агентӣ оид ба масъалаҳои одоб;
– гузаронидани чорабиниҳои омўзишии Кодекси мазкур;
– фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси мазкур.
45. Раиси комиссия:
– фаъолияти комиссияро ташкил менамояд ва онро роҳбарӣ мекунад;
– рўзномаи ҷаласаи комиссияро муайян мекунад;
– ҷаласаи комиссияро даъват менамояд ва ба он раисӣ мекунад;
-кормандони Агентиро, ки баррасии масъала ба ваколати онҳо мансуб аст, ба кори комиссия ҷалб менамояд;
-дар хусуси ворид намудан ба ҳайати комиссия ё бозхонди аъзои он ба Директори Агентӣ таклиф пешниҳод менамояд;
– ба ҳуҷҷатҳои комиссия ва протоколи ҷаласаи комиссия имзо мегузорад.
46. Котиби комиссия:
– кори комиссияро дар мувофиқа бо раиси комиссия ташкил мекунад;
– коргузории комиссияро пеш мебарад;
– корманди Агентиро бо маводҳое, ки нисбаташ баррасӣ мегарданд, на дертар аз 3 рўз то оғози ҷаласаи комиссия шинос менамояд;
-дар бораи ҷой ва вақти гузаронидани ҷаласаи комиссия аъзои комиссия ва шахсонеро, ки нисбати онҳо ва аз рўи муроҷиати онҳо мавод баррасӣ карда мешавад, хабардор менамояд;
-протоколи ҷаласаи комиссияро тартиб медиҳад ва ба он имзо мегузорад;
– корманди Агентиро бо қарори комиссия дар давоми 1 рўзи корӣ ва қарори (фармоиш) Директори Агентиро дар давоми 3 рўзи корӣ шинос менамояд;
– чорабиниҳои омўзишии Кодекси мазкурро ташкил мекунад;
– фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси мазкурро ба роҳ мемонад.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

47. Риояи қоидаҳои Кодекси мазкур ўҳдадории корманди Агентӣ буда, риоя накардани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
48. Риояи меъёрҳои одоби рафтори хизматӣ ҳангоми гузаронидани аттестатсия, баҳодиҳии фаъолият, иштирок дар озмун, таъин (интихоб) кардани корманди Агентӣ ба мансаб, бо мукофотҳо сарфароз гардонидан, рутба додан, дохил кардан ба захираи кадрҳо барои ишғоли мансаби баландтар, таҳияи тавсифнома ё тавсиянома ва ҳангоми ба ҷавобгарии интизомӣ кашидан ба инобат гирифта мешаванд.
49. Директори Агентӣ бояд барои пешгирии вайрон намудани қоидаҳои Кодекси мазкур тадбирҳои зеринро андешад:
– дар асоси пешниҳоди комиссия бо тартиби муқарраркардаи Оинномаи интизомии Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намудани муҷозоти интизомӣ;
– гузаронидани машварату семинарҳо дар бораи омўзишии Кодекси мазкур;
– андешидани дигар чораҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
50. Ҳангоми дар амалу кирдорҳои корманди Агентӣ мавҷуд будани аломатҳои таркиби ҷиноят ё кирдорҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки баррасии онҳо салоҳияти дигар мақомоти дахлдор мебошад бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан фиристода мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД