Курси омӯзишӣ барои дастурдеҳон

0
457

21 августи соли 2017 дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинари панҷрӯза дар мавзӯи “Такмили тахассуси дастурдеҳон” оғоз гардид, ки дар он 21 нафар кормандони таҷрибадори раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва Шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар ноҳияи Лахш иштирок менамоянд.
Дар маросими кушодашавии курси омӯзишӣ Муовини Директори Агентӣ Муртазо Ҳайдарзода, Роҳбари Намояндагии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Амелия Ханнафорд ва Атташеи Шуъбаи назорати маводи нашъадор ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL) Сафорати ШМА дар Тоҷикистон Кристофер Грин ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни курси омӯзишӣ тарзи усулҳои бурдани корҳои тарбиявӣ-инфиродӣ дар байни зертобеон, роҳу усулҳои нави тарбияи кормандони ҷавон, усулҳои омӯзиши аудиторияи калонсолонро меомӯзанд.
Семинар бо дастгирии дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба ҳайси омӯзгорон мутахассисони Асотсиатсияи илмии зиёиён дар ш. Хуҷанд даъват шудаанд.
Дар хотима ба иштирокчиёни семинар сертификатҳои махсус супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД