Курси омӯзишӣ барои кормандони Агентӣ

0
456

21 августи соли 2017 дар меҳмонхонаи “Ҳаят реҷенси” семинари панҷрӯза барои кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар мавзӯи “Омӯзиши дастурдеҳон” оғоз гардид, ки дар он 21 нафар кормандони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ, раёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ ва Шуъбаи байниноҳиявии Агентӣ дар ноҳияи Лахш иштирок менамоянд.
Семинар бо дастгирии Маъмурияти назорати маводи мухаддири Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (DEA) ташкил карда шудааст.
Ба ҳайси омӯзгорон мутахассисони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон даъват шудаанд.
Дар хотима ба иштирокчиёни семинар сертификатҳои махсус супорида мешаванд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД