Силсилавохӯриҳо дар ш. Хоруғ

0
251

Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ дар якҷоягӣ бо намояндагони Раёсати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ аз 13 то 15 сентябри соли ҷорӣ дар маҳаллаҳои Хоруғи Боло, Тирчид, Носири Хисрав ва Гулакени ш.Хоруғ вохӯриҳо баргузор нумуданд, ки теъдоди иштирокчиёни вохуриҳои мазкур зиёда аз 300 нафарро ташкил намуд.
Мутахассисон дар мавзӯҳои танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Вохӯриҳои мазкур аз тарафи кормандони Телевизиони Бадахшон ба навор гирифта шуд ва пешкаши тамошобинон гардид.
Ҳамзамон аз аввали моҳи сентябри соли равон дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ оид ба амалиёти “Кӯкнор-2017” аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар ВМКБ зиёда аз 5660 бех растаниҳои худрӯи банги ҳиндӣ дар ҳудуди вилоят дарёфт ва несту нобуд карда шуданд.18092017 (1)

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД