Вохӯрии зиддимухаддиротӣ дар н. Лахш

0
2211

Бо ташаббуси кормандони Шуъбаи байниноҳиявии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бо хизматчиёни қисми низомии Вазорати Мудофиаи ҶТ вохӯрӣ дар мавзӯҳои “Нест бод нашъамандӣ” ва “Тоҷикистон – зидди мухаддирот” баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ кормандони Агентӣ оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамзамон ҳайати шахсии қисми низомиро ба муносибати рӯзи Конститутсия табрик намуданд.

Инчунин мутахассисони Агентӣ оид ба зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар, пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ маълумот пешниҳод намуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД