Баргузории чорабиниҳои канорӣ дар ш.Душанбе

0
675

Дар доираи Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил” (16-17 майи соли 2019, ш. Душанбе), нимаи якуми рӯзи 16 майи соли ҷорӣ, чорабинии канорӣ-ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи Барномаи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2015-2019, таҳти раисии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ҳайати Тоҷикистонро Директори Агентӣ намояндагӣ карда, бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунанда дар баромадҳои худ оид ба иқдомҳои андешидаи мақомоти ваколатдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар доираи Барномаи болозикр ва натиҷаҳои татбиқи он маълумот дода, қайд карданд, ки танҳо дар ҳамкории дастаҷамъона дар мубориза бо ин таҳдиди ҷаҳони муосир комёб шудан мумкин аст.

Дар хотимаи чорабинии мазкур иштирокчиён фикру андеша ва пешниҳодҳои мушаххаси худро барои тақвияти ҳамкориҳои судманд ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ваколатдор дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ иброз намуданд.

Ҳамчунин, дар ҳошияи Конфоронси болозикр нимаи дуюми ҳамин рӯз бо ташаббуси Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Пешгирии манбаҳои ғайриқонунии молиявии аз маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ бадастовардашуда, бо мақсади таъмини сулҳ, амният ва рушди устувор дар минтақа” чорабинии канорӣ баргузор гардид, ки дар кори он низ Директори Агентӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Намояндагони кишварҳои Осиёи Миёна ва дигар иштирокчиёни ҷаласа дар суханрониҳои худ ба шароитҳое, ки боиси пайдоиш ва сар задани омилҳои террористӣ ва экстремистӣ мегарданд, мубодила афкор намуда, роҷеъ ба таҷрибаи андухтаашон дар самти мубориза бо ин амалҳои номатлуб ба ҳозирин ибрози андеша намуданд. Фикру ақидаҳое, ки дар рафти ҷаласа садо доданд, дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб хеле муфид хоҳанд буд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД