БАРГУЗОРИИ ҲАШАРИ УМУМӢ ДАР АГЕНТӢ

0
818

Субҳи 2 марти  соли равон баҳри ободонию тозагии пойтахти кишвар, аз ҷумла гирду атрофи бинои маъмурии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳашари умумӣ баргузор карда шуд.

Кормандони Агентӣ аз субҳ то нисфирӯзӣ гирду атрофи бинои корхона, кӯча ва роҳравҳои  берун аз онро аз партовҳо тоза намуда, ба нарм кардани бехи дарахтон ва гулҳо, ин чунин  шинондани ниҳолугулҳои мавсимӣ ва гулҳои садбарг огоз намуданд.

Аз ҷониби кормандони Агентӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳар ҳафта ҳашари умумӣ гузаронида мешавад, ки кормандони  Агентӣ бо рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарасти барои ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан ва нарм намудани бехи гулу буттаҳои ороишӣ дастҷамъона заҳмат кашида, баҳри зебою хуррамгардонии гирди атрофи бинои Агентӣ кӯшиш ба харҷ  медиҳанд.

Дар баробари ин кормандон утоқҳои кории худро низ тозаву озода намуда, ба омад-омади фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай омодагӣ мебинанд. Бояд қайд намуд, ки чунин корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар раёсатҳои минтақави Агентӣ ҳар ҳафта гузаронида мешаванд.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД