БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ СӮИИСТЕЪМОЛИ МАВОДИ НАШЪАДОР

0
962

Санаи 12 феврали соли 2019 дар  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ – муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Азим Иброҳим баргузор гардид, ки дар кори он муовинони раиси Шӯро – Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Хоҷа, аъзоёни Шӯро аз ҳисоби роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи Шӯро маъсалаҳои зерин мавриди барраси қарор дода шудаанд.

  1. “Дар бораи натиҷаҳои омӯзиши муассисаҳои наркологии шаҳру ноҳияҳои кишвар оид ба вазъи воқеии бақайдгирии нашъамандон”
  2. Оид ба вазъи нашъамандӣ ва ба қайд гирифтани ҳолатҳои фавт аз натиҷаи суиистеъмоли маводи нашъаовар дар муассисаҳои наркологӣ ва экспертизаи тиббӣ-судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
  3. Баррасӣ ва тасдиқи Нақшаи фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯиистеъмоли маводи нашъадор дар соли 2019.

Оид ба масъалаи якум Муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои шӯро- Муртазо Ҳайдарзода ва доир ба масълаи дуюм Сармутахассиси  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои наркологӣ Малахов Маҳмадраҳим Набиевич баромад намуданд. Пас аз анҷоми баромадҳо муҳокимаронӣ ва мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои болозикр сурат гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД