Ба имзо расии Созишнома байни Агентӣ ва ВКД-и Федератсияи Россия

0
1320
EPSON MFP image

Санаи 17 апрели соли 2019 дар  ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин аз ҷониби Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколсев бо назардошти манфиати дуҷониба дар андешидани чораҳои самаранок оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо Созишнома байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ ва мусоидат кардан ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо ба имзо расид.

Созишномаи мазкур масъалаҳои мусоидат намудан ва расонидани кӯмакҳои молиявӣ, ташкилӣ ва намудҳои дигари кӯмакҳо, омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳои Агентиро дар бар мегирад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД