Ба истифода додани бинои маъмурии Шабакаи барқи ноҳияи Тоҷикобод

0
98

25.06.2019, ноҳияи Тоҷикобод

Дар доираи сафари корӣ  ба ноҳияҳои водии Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод бинои нави маъмурии Шабакаҳои барқи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, аз 2 ошёна иборат мебошад. Масоҳати умумии замини барои сохтмони иншоот ҷудогардида 60 садякро ташкил дода, худи бино дар майдони 5 садяк сохта шудааст.

Бинои маъмурии Шабакаҳои барқро бо фармоиши Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи тоҷик” ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд ва бо тамоми таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз намудаанд. Дар ошёнаи якуми бино утоқи техникии омӯзишӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраҳои кории назоратчиён ҷойгир буда, қабати дуюми бино аз утоқҳои кории маъмурият, машваратгоҳ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкану гулҳои мавсимӣ оро ёфта, тамоми роҳраву гузаргоҳҳои он сафолакпӯш ва чароғон карда шудааст. Ҳамчунин барои мизоҷон дар саҳни бино 2 айвончаи муосир насб гардидаанд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, масъулинро барои хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия 2 автомашинаи хизматӣ вобаста ба релефи минтақа тақдим гардид.

Қобили зикр аст, ки пеш аз ба истифода додани бинои нав, кормандони Шабакаҳои барқи ноҳия бо чунин имконият ва шароити муосири корӣ дастрасӣ надоштанд. Ба истифода супурдани бинои навро дар арафаи таҷлили 22-юмин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ кормандону масъулини шабакаҳои барқи ноҳия туҳфаи арзандаи Пешвои миллат хонда, иброз доштанд, ки минбаъд низ корро дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқи хушсифат ҷоннок мекунанд ва дар пешрафти ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД