Ба истифода супоридани боғчаи бачагонаи «Парасту» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд

0
276

31.03.2019, шаҳри Гулистон

Дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои кӯдакистони давлатии “Парасту” – ро пас аз таъмиру навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки масоҳати умумии кӯдакистони мазкур зиёда аз 1 гектарро дар бар гирифта, аз се бино иборат мебошад.

Ин иншоот тайи солиёни зиёд ба харобазор табдил ёфта буд ва он аз ҷониби ҶДММ “Авитсена” дар шаҳри Гулистон пурра таъмиру навсозӣ шудааст.

Дар кӯдакистон мизу курсӣ ва дигар аёниятҳои хониш таъмин мебошад.

Аснои шиносоӣ бо ин муассисаи таълимӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонданд.

Акнун дар ин муассисаи наву замонавии томактабӣ 500 нафар фарзандони сокинони шаҳри мазкур дар 14 гуруҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Бо ба фаъолият шуруъ намудани ин кудакистон 38 нафар соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардидаанд. Дар ин ҷо раванди таълиму тарбия бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, мураббиёнаш ботаҷриба ва соҳибихтисос мебошанд.

Ҳангоми таъмиру навсозӣ ҳуҷраҳои кории маъмурият, ҳамшираи тиббӣ, анбори нигоҳдории маҳсулот, ошхона ва хонаи шустушуи либос низ ба инобат гирифта шудаааст. Кӯдакистон ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ пайваст мебошад, ки ин барои муътадил нигоҳ доштани ҳуҷраҳо дар фасли зимистон мусоидат менамояд.

Дар саҳни ҳавлии кудакистони “Парасту” 14 айвонча мавҷуд аст, ки дар он машғулиятҳо гузаронида мешавад.

Шинонидани дарахтони гуногуни ороишиву ҳамешасабз, гулу буттаҳои ороишӣ, сафолак ва асфалтпуш намудани назди бино ва роҳравҳои он аз ҷумлаи дигар корҳои ободонӣ ба ҳисоб мераванд.

Мавҷуд будани майдончаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо аломатҳои ишоравӣ аз хусусияти дигари хоси кудакистон ба ҳисоб меравад, ки тариқи он кудакон метавонанд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро аз худ намоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД