Боздид аз Комбинати кишоварзии “Дзержинский”-и Ҷумҳурии Беларус

0
288

30.06.2019, Беларус

 

Дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Беларус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии “Дзержинский” боздид ба амал оварда, бо фаъолияти он шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Комбинати кишоварзии “Дзержинский” яке аз коргоҳҳои бисёрсоҳа ва калонтарини саноатии Беларус буда, парвариши чорво, парранда, истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни гуштию ширии чорво, гушти мурғ, ҳасибҳо, тухм, дар маҷмуъ беш аз 80 намуди маҳсулотро ба роҳ мондааст.

Таъкид гардид, ки давоми фаъолияти чилсола ширкат бо насби технологияи навтарин ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири истеҳсолу гушту шир дар бозори кишвар мақоми хоса дорад.

Яке аз дастовардҳои асосии корхона дар баробари истеҳсолот  назорат ва таъмини сифати мавод, таъсиси марказҳои фуруши маҳсулоти истеҳсоли худӣ, интиқоли он ба гушаҳои гуногуни Беларус мебошад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти ширкат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду пешрафти корхона ба онҳо барору комёбӣ орзу карданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД