Боздошти ду нашъаҷаллоб дар ш.Душанбе

0
1158

28 декабри соли 2018 ҳангоми гузаронидани  чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрванд Ҳукматов Қудратулло Малахович 5 (панҷ) адад ҳабҳои нашъадори (психотропии) навъи “МДМА” харидорӣ  озмоиши гузаронида шуд.

Худи ҳамон рӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии иловагӣ дар ҳудуди кӯчаи Возеҳи шаҳри Душанбе, шаҳрванд Разоқов Илҳомҷон Сафаралиевич дастгир карда шуд.

Ҳангоми кофтукови шахсии Разоқов И.С. аз дохили ҷайби  тарафи рости болопӯши дар танаш буда, 20 (бист) адад ҳабҳои нашъадори навъи “МДМА” ёфта гирифта шуд.

Муайян карда шуд, ки  Разоқов И.С. 20 (бист) адад ҳабҳои нашъадори навъи “МДМА”–ро аз Ҳукматов Қ.М. харидорӣ намудааст.

29 декабри соли 2018, ҳангоми кофтукови манзили истиқоматии Ҳукматов Қ.М., воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шарапова аз дохили ҷевони ҳуҷраи хобаш 416 адад ҳабҳои нашъадор дарёфт ва гирифта шуд.

Ҳамчунин аз манзили истиқоматии номбурда 6 кг 409,6 грамм воситаи нашъадори навъи “афюн” дарёфт ва гирифта шуд.

Ҳамин тариқ дар маҷмуъ аз Ҳукматов Қ.М. ва Разоқов И.С. 441 адад ҳабҳои “МДМА” ва 6 кг 409,6 гр маводи нашъовари навъи “ афион” мусодира карда шуд.

Муайян карда шуд, ки  Ҳукматов Қ.М. миқдори дар боло зикршудаи моддаҳои психотропии навъи “МДМА” ва воситаи нашъадори навъи “аюфн”-ро бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ғайриқонунӣ соҳиб шуда, нигоҳ доштааст.

Нисбати Разоқов Илҳомҷон Сафаралиевич ва Ҳукматов Қузратуло Малахович бо аломатҳои қисми 2 моддаи 200 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

 

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД