Вохӯрии Директори Агентӣ бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия

0
179

3-юми декабри соли 2019 Директори Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Шерхон Салимзода дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия бо Раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба амният ва муқовимат ба коррупсия Василий Пискарёв ва вакилони Думаи давлатӣ- аъзоёни ин Кумита мулоқот анҷом дод.

Зимни вохурӣ Директори Агентӣ оид ба сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар самти назорати маводи нашъовар, вазъи назорати маводи нашьаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, раванду тамоюлҳои он, масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар аз Афғонистон ба дигар кишварҳои ҷаҳон, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар, иттилоъ дод. Ӯ қайд намуд, ки дар панҷ соли охир дастгиршавии шарҳвандони Тоҷикистон дар хориҷа, аз ҷумла дар Россия, ду маротиба ва ҳаҷми мусодираи маводи нашьадор аз онҳо дар хориҷи кишвар шаш маротиба кам гардидааст. Се соли охир дар хориҷи кишвар ягон ҳодисаи қочоки маводи мухаддир тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нагардидааст.

Ҳамчунин Директори Агентӣ аз ҷараёни амалишавии ҳамкориҳои байналмилалии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷа, ба хусус бо Федератсияи Россия маълумот дода, ба ҷониби Россия ҷиҳати кумаку мусоидати пайваста ба Агентӣ дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар навбати худ Василий Пискарев ба Директори Агентӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи васеъи Кумита, ки дар он лоиҳаи консепсияи давлатии сиёсати зиддимухаддиротии Россия барои то соли 2030 ва самтҳои асосии мукаммалгардонии танзими қонунгузорӣ дар фаъолияти зиддимухаддиротии Федератсияи Россия муҳокима гардиданд, иттилоъ дод.

Инчунин раиси Кумита қайд намуд, ки на танҳо корҳо дар самти фаъолияти оперативии муштарак оид ба ошкори фаъолияти ҷинояткоронаи нашъаҷалобон ва пешгирии интиқоли маводи нашъаовари истеҳсоли Афғонистон тақвият дода шавад, балки фаъолият дар самти ҳамсонсозии қонунгузории кишварҳои мо ва танзими ҳуқуқӣ низ такмил дода шаванд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар боз ҳам вусъат бахшида, дар густариши онҳо талош менамоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД