Вохӯрии Директори Агентӣ бо Директори Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1009

Роҳбари тозатаъини Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА (INL) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниша Прайор санаи 28 феврали соли равон ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда бо Директори Агентӣ муҳтарам Шерхон Салимзода мулоқот намуд.  

Дар оғози вохӯрӣ Директори Агентӣ ба Ниша Прайор дар бораи Агентӣ мақсад, вазифа ва сохтори он, ҳамчунин вазъи вобаста ба маводи нашъаовар, тамоюл ва пешгӯии инкишофи он, роҳҳои асосии интиқоли маводи нашъаовар, ошкору пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба маводи нашъаовар дар қиёс бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин оид ба ҳамкориҳои байналмилалии Агентӣ бо мақомоти ваколатдори ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Қазоқистон, инчунин пешбарии номзад аз ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Директори Маркази минтақавии ҳамоҳангсозии итилоотии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо иттилоъ дод.

Ҳамчунин дар вохӯрии мазкур муҳокимаи масъалаҳои ҳамкориҳо байни Агентӣ ва Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқии Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тақвияти он мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо миннатдории худро ба ҳамдигар изҳор намуда, иброз доштанд, ки густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро дар самти назорати маводи нашъаовар боз ҳам мустаҳкам хоҳанд намуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД