Вохӯрӣ бо кормандони китобхона

0
142

Рузи 30 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандӣ дар толори Муассисаи давлатии Китобхонаи марказонидашудаи шаҳрии ба номи А.Лоҳутӣ бо кормандони китобхонаи мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.
Кормандони Агентӣ дар мавзӯъҳои “Вазъи нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” ва “Нашъамандӣ –дар байни наврасону ҷавонон” баромад намуданд.
Кормандони китобхона иброз доштанд, ки дар китобхнаи мазкур гушаи махсус ташкил карда шудааст, ки дар он рузномаву маҷалла, адабиётҳои бадеӣ, криминалистӣ ва соҳавиро оид ба оқибати истеъмол ва даст доштан бо қочоқи маводи мухаддирро гирд овардаанд.
Ҳамзамон пешниҳод намуданд, ки кормандони Агентӣ дар оянда чунин вохӯриҳоро бо хонандагони китобхона ба роҳ монда, маълумотҳои бештаре дар бораи маводҳои нашъадор ва оқибати хатарноки истеъмоли он ба хонандагони наврасу ҷавони ин даргоҳ манзур намоянд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД