Вохӯрӣ бо фаъолони шаҳри Турсунзода

0
644

Бо ибтикори Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода  санаи 21 феврали соли ҷорӣ вохӯрӣ бо роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маорифу тандурустӣ,  шуъбаҳову бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, имомхатибон, аҳли зиё, ҷавонону донишҷӯён ва пирони барнодили шаҳри Турсунзода баргузор карда шуд.

Дар суханронии худ Директори Агентӣ Шерхон Салимзода оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баромад намуда, Паёми мазкурро ҳамчун  санади барномавии зиндагӣ ва фаъолияти хизматии ҳар як аҳли ҷомеъа ва хизматчи давлатӣ,  муаррифӣ намуд.

Иброз гардид, ки Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, яке аз руйдодҳои муҳими соли 2018 буда, дар ҳар як сатри он як ҷаҳон маънӣ ҳидояту раҳнамои Пешвои муазами миллат баҳри расидан ва муҳайё сохтани шароити арзандаи зиндагӣ ба мардуми шарифи кишварамон ва мусоидат намудан дар суботу оромӣ дар Тоҷикистон ва кишварҳои минтақаҳо, дарҷ гардидааст.

 

Директори Агентӣ таъкидан иброз намудаанд,ки ба муҳтавои ин санади муҳими сарнавиштсоз бояд таваҷҷуҳи ҷиддм зоҳир карда, онро дар фаъолияти ҳарӯзамон бароҳбарӣ гирем.

Шерхон Салимзода таъкид намуданд, ки озодиву истиқлолият бояд ҳамчун дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллиамон чун гавҳараки чашм ҳифз карда шуда, хавфу хатарҳои замони муосир, аз ҷумла содиршавии амалҳои террористиву эктремистӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, муомилоти  гайриқонуни  маводи мухаддир  нашамандӣ ва омилҳои коррупсионӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шавад.

Ҳамчунин оид ба вазъи маводи нашъадор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан шаҳри Турсунзода ёдовар шуда, оид ба масъалаи мазкур изҳори акида намуданд.

Аз сокинони  шаҳр, хусусан аз падару модарон даъват ба амал оварда шуд, ки дар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон оид ба гардиши ғайриқонуни маводи нашъаовар корбарӣ намуда, дар пешгирии мубталошавӣ ба он маводи марговар ва дигар қонуншиканиҳо бетараф набошанд.

Иштирокчиёни бисёр фаъол буда, дар анҷоми чорабинӣ савол ва пешниҳодҳои худро баён намуданд.

Ҳамчунин баромад намуда, иброз доштанд ки сокинон ва ҷавонони шаҳри Турсунзода пайрави Пешвои миллат мебошанд ва аз дастгириву ғамхориҳои падаронашон минатдор буда, кӯшиш менамоянд, ки ба боварии Сарвари давлат сазовар  ва содиқ бошанд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД