Вохӯрӣ дар Гимназияи №9 ноҳияи И.Сомони ш.Душанбе

0
781

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва корхонаю муассисаҳои таълимӣ, санаи 5 феврали соли ҷорӣ кормандони Шуъбаи умумии Агентӣ дар Гимназияи №9 ноҳияи И.Сомони  ш.Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур ба диқати хонандагон ва устодони гимназия  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби ҷавонон, даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масоили мубрами рӯз расонида шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ хонандагони гимназияи номбурда фаъолона иштирок намуда, ба мутахассисон оид ба хариду фуруш, истеҳсол ва оқибати истеъмоли маводҳои тиракунандаи асаб аз қабили нос, сигор ва машруботи спиртӣ савҳолҳои зиёде пешниҳод намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки минбаъд дар ошкори нашъаҷаллобони чаканафурӯш, ки мехоҳанд ба хотири ба даст овардани фоидаи муфт ҷавононро гумроҳу гирифтор созанд, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Кормандони Агентӣ телефони “Боварӣ”- и Агентӣ 234-64-20 ро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки ҳар нафари онҳо метавонанд ҳангоми дастрасии хабари фаврӣ дар дилхоҳ вақт чӣ ба таври анонимӣ ва чи ошкорро занг зананд.

Вохӯрии мазкур бисёр хотирмон доир гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД