Вохӯрӣ дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ

0
673

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии мущтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва корхонаю муассисаҳои таълимӣ, санаи 11 феврали соли ҷорӣ кормандони шуъбаи тафтишоти  Агентӣ дар Донишгоҳи Техникии  Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар ҷамъомади мазкур  устодон ва донишҷуёни донишгоҳи мазкур иштирок варзиданд.

Дар вохӯрии мазкур ба диққати  устодон ва донишҷуён мущтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар, оқибатҳо содиршави гардидани ҷиноят аз тарафи ҷавонон, мубталошавии онҳо ба бемориҳои сироятӣ ва дигар амалҳои номатлуб  расонида шуд.

Дар вохӯрӣ устодон ва донишҷуён оид ба мушкилиҳои болозикр суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худро баён карданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД