Вохӯрӣ дар Литсеи касбӣ-техникии нақлиёти автомобилии ш. Душанбе

0
869

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва корхонаю муассисаҳои таълимӣ, санаи 8 феврали соли ҷорӣ кормандони Ситоди Агентӣ дар Литсеи касби техникии нақлиёти автомобилии ш.Душанбе вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур дар байни хонандагон ва устодони литсей оид ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз ҷинояткорӣ, даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масоили мубрами рӯз суханронӣ карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ хонандагони литсейи номбурда низ хеле фаъол буда, ба мутахассисон савҳолҳои зиёде оид ба фурушу истеҳсол ва оқибати истифодаи маводҳои тиракунандаи асаб аз қабили нос, сигор ва машруботҳои спиртӣ пешниҳод намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки минбаъд дар ошкори нашъаҷаллобони чаканафурӯш, ки мехоҳанд ба хотири ба даст овардани фоида ҷавононро гумроҳу гирифтор созанд, бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Кормандони Агентӣ телефони “Боварӣ”- и Агентӣ 234-64-20 ро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки ҳар нафари онҳо метавонанд ҳангоми дастрасии хабари фаврӣ дар дилхоҳ вақт чӣ ба таври анонимӣ ва ё ошкорро занг зананд.

Вохӯрии мазкур бисёр хотирмон доир гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД