Вохӯрӣ дар Ширкати саҳоми холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик”.

0
831

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарғибу фаҳмондадиҳии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ” дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва корхонаю муассисаҳои таълимӣ, санаи 11 феврали соли ҷорӣ кормандони шуъбаи ШНММН ва ПН Агентӣ дар ШСХК “Барқи Тоҷик”  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Сараввал муовини Раиси “ШСХК “Барқи Тоҷик” Убайдуллозода Ғолиб, бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд. Дар ҷамъомади мазкур кормандони Корхонаи фаръии шабакаи барқии ш.Душанбе, ”НБО”Варзоб, Маркази барқугармидиҳии ш.Душанбе, Шабакаи барқи ш.Душанбе  ва Корхонаи фаръии таъминоти моддӣ-техникии “Тоҷикэнергоснаб” иштирок намудаанд.

Дар вохӯрии мазкур ба диққати  кормандони ШСХК “Барқи Тоҷик”  нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷавонон аз содир намудани  ҷиноят, даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб, аз қабили шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, нашъамандию нашъаҷаллобӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва дигар масоили мубрами рӯз расонида шуд.

Дар рафти вохӯрӣ кормандони ШСХК “Барқи Тоҷик дар муҳокимаронӣ фаъолона иштирок намуда, ба мутахассисон оид ба хариду фурӯш истеҳсол ва истифодаи маводи мухаддир саволҳои зиёде пешниҳод намуданд. Ҳамчунин изҳор намуданд, ки минбаъд дар ошкори нашъаҷаллобони чаканафурӯш, ки мехоҳанд ба хотири ба даст овардани фоида ҷавононро гумроҳу гирифтор созанд, бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Кормандони Агентӣ телефони “Боварӣ”- и Агентӣ 234-64-20 -ро пешниҳод намуда, қайд карданд, ки ҳар нафари онҳо метавонанд ҳангоми дастрасии хабари фаврӣ дар дилхоҳ вақт чӣ ба таври анонимӣ ва ё ошкоро занг зананд.

Вохӯрии мазкур бисёр хотирмон доир гардид.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД