Вохӯрӣ дар мактабҳо ва гимназия

0
1889

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо мақсади пешгирии нашъамандӣ ва аз байн бурдани ҷалби наврасон ба истеъмоли маводи нашъаовар дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақами 24 ва 58, гимназияи №74 пойтахт бо хонандагони синфҳои болои ва волидони онҳо оиди масъалаҳои пешгирӣ ва мубориза бар зидди нашъамандӣ, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) вохӯрӣ гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони Агентӣ дар бораи зарари истеъмоли маводи нашъаовар ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббӣ сӯистеъмоли маводҳои нашъадор маълумот доданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасонро фаҳмонданд. Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД