Вохӯрии кормандони Агентӣ бо волидони хонандагони синфҳои болоӣ

0
2244

Ҷавонон ояндасози ҷомеъаи солими кишвари азизамон Тоҷикистон мебошанд. Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли наврас, ки яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими рушди ватану миллати тоҷик ба шумор меравад, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии моводи мухаддир, пешгирӣ аз паҳншавии онҳо саҳми арзанда дорад.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2013-2020 кормандони Агентӣ пайваста вохуриҳо ва чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ мегузаронанд.

15 апрели соли ҷорӣ дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 72 ноҳияи Фирдавсӣ бо волидони хонандагони синфҳои болоӣ оид ба масъалаҳои оқибатҳои фоҷеабори нашъамандӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, майзадагӣ, паҳншавии бемориҳои сироятии ҷинсӣ-венерикӣ, ВНМБ/АНМБ (ВИЧ СПИД) вохурӣ гузаронида шуд.

Дар вохурии мазкур кормандони Агентӣ ва ёрдамчии Суди ноҳияи мазкур иштирок намуданд. Иштирокчиён дар бораи зарари истеъмоли маводи мухаддир ба инсон, инчунин оқибатҳои ҳуқуқию иҷтимоӣ ва тиббии сӯистеъмоли онҳо ва ба амалҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон маълумот дастрас намуданд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД