Вохӯрӣ бо ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳури Корея

0
2065

28 октябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии Директори Агентӣ Р. Назарзода бо ҳайати Пркуратураи генералии Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии муовини Директори Раёсати назорати маводи нашъаовар ҷаноби Ким Ёнг Квон баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳияи лоиҳаи озмоишии барномаи дастгирии Агентии назорати маводи нашъовар, инчунин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба маводи нашъаовар ва ҷинояткории муташаккил байни Агентии назорати маводи нашъовари назди Президенти ҶТ ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея, ки 22 сентябр дар шаҳри Чеҷуи Ҷумҳурии Корея ба имзо расида буд, муҳокима гардид.

Ба меҳмонон муаррифинома дар бораи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон, таърихи ташаккул ва сохтори Агентӣ, хатсайрҳои интиқоли маводи нашъовар, чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ, ки кормандони Агентӣ дар ҳамаи гӯшаҳои ҷумҳурӣ бо дастгирӣ ва иштироки бевоситаи намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Корея баргузор намуда буданд, манзур гардид.

Директори Агентӣ бо мувафаққият иҷро гардидани лоиҳаи мазкурро дар самти пешгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ қайд намуд.

Дар баромади ҷавобии худ ҷаноби Ким иброз дошт, ки Агентӣ дар иҷрои лоиҳаи мазкур корҳои зиёдро анҷом додааст, ки ин боиси устувор гардидани ҳамкориҳо миёни ду идора мебошад. Дар доираи лоиҳаи мазкур дар Ҷумҳурии Корея омӯзиши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, ки бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд идома дода мешавад.

Дар охири вохӯрӣ аъзоёни ҳайат бо фаъолияти Лабораторияи ташхиси судии Агентӣ шинос шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД