Вохӯрӣ бо донишҷӯён

0
2156

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва нашъамандӣ дар байни ҷавонон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ 27 апрел дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова”-и пойтахт вохӯрӣ бо донишҷӯён дар мавзӯҳои “Зарар ва оқибатҳои истеъмоли маводи нашъаовар”, “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ” гузаронида шуд.


Намояндагони Агентӣ оид ба оқибатҳои даҳшатноки истеъмоли маводи нашъаовар, ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва тиббии ин мушкилот нақл намуданд. Дар чорабинии мазкур баромадкунандагон асосан дар бораи ба омилҳои номатлуб даст задани ҷавонон ва наврасон сухан намуданд.

Дар поёни мулоқот ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД