Вохӯрӣ бо узви Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ

0
1830

7 феврали соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо узви Комиссияи Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Ҷамшедов Ҷ.Н. баргузор гардид, ки дар он узви Комиссия нисбати интихоботи дар пеш истода ба Маҷлиси Олии ҶТ ва Маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ муфассал нақл намуд, инчунин меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории ҷумҳуриро, ки гузаронидани интихоботро ба танзим медароранд, тафсир намуд.     Инчунин ба кормандони Агентӣ оиди тартиби пешбарӣ ва худпешбарии номзадон ба Маҷлиси олӣ, Маҷлисҳои намояндагони халқии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, овоздиҳии пешакӣ, ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳӣ иттилоот дода шуд.

Дар хотима Ҷамшедов Ҷ.Н. ба як қатор саволҳои кормандони Агентӣ ҷавоб дод.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД