Дар Агентӣ вохӯрии байналмилалии корӣ баргузор гардид

0
2294

16 марти соли 2015 дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии кории роҳбарони комитетҳо дар чорчӯбаи лоиҳаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ХАСК/22 “Муқовимат ба интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ аз Афғонистон тариқи хатсайри шимолӣ бо роҳи тақвият бахшидани иқтидори нуқтаҳои асосии назоратӣ-гузаргоҳӣ ва созмон додани офисҳои ҳамкории сарҳадӣ” дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид.

Вохӯрӣ бо дастгирии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ, Сафорати Япония дар Тоҷикистон, Агентии байналмилалии ҳамкории Япония (JICA) ташкил ва гузаронида шуд. .

Дар кушодашавии вохӯрӣ ба суханони ифтитоҳӣ Директори Агентӣ генерал-лейтенанти милитсия Р. Назарзода, хонум Ашита Миттал – намояндани минтақавии Намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Осиёи Марказӣ, ҷаноби Йошиширо Хорие – котиби дуюми Сафорати Япония дар Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар вохӯрӣ намояндагони Шуъбаи назорати маводи нашъаовар ва ҳифзи тартиботи Сафорати ШМА дар Тоҷикистон, Офиси кишварии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Хатсайри героин – II», аъзоёни комитетҳои роҳбарикунанда аз Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Дар вохӯрӣ инчунин намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иштирок варзиданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои чорабиниҳои лоиҳавӣ, аз ҷумла ҳамкорӣ бо офиси ҳамкории сарҳадӣ дар Афғонистон, ташаббусҳои лоиҳа оиди банақшагирии чорабиниҳои муштарак, ҳамкории сарҳадӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, нақши офисҳои ҳамкориҳои сарҳадӣ дар ҳамкории байниидоравии байнисарҳадӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар хотимаи вохӯрӣ нақша оид ба мониторинг ва арзёбии фаъолияти лоиҳаи ХАСК/22 тасдиқ гардид. .

Мутобиқи барнома иштирокчиён 17 март дар маросими кушодашавии офиси ҳамкории сарҳадии “Панҷи поён” иштирок хоҳанд кард.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД