Дар Агентӣ зиёда аз 537 кг маводи нашъаовар сӯзонида шуд

0
2185

Имрӯз, 09 март бо мақсади тоза намудани ҷамъият аз паҳншавии маводи нашъаовар, ҳифз намудани саломатии ҷомеа, хусусан, ҷавонон, дар бухории махсуси Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими сӯзонидани маводи нашъаовар баргузор гардид.
Дар ҳузури Комиссияи махсус аз ҳисоби намояндагони мақомоти прокуратура, суд ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ 537 килограмму 201 гр маводи нашъаовар, аз ҷумла: 8 кг 386 гр героин, 49 кг 768 гр афюн, 98 кг 400 гр ҳашиш, 380 кг 645 гр бангдона, ки нисбати онҳо ҳукми суд баромадааст, сӯзонида шуданд.
Маводи нашъаовари мазкур аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Хадамоти гумрук ҳангоми гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ мусодира гардида буданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД