Дар Агентӣ вохӯрӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид

0
1951

3 октябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ вохӯрии ҳайати шахсӣ бо намояндагони Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ баргузор гардид.

Намояндаи Прокуратураи генералӣ кормандони Агентиро бо масъалаҳои пешгирии шиканҷа, намудҳои дигари муомилоти дурушт ва амалҳои зӯроварӣ нисбати шахсони дастигиршуда шинос намуд.

Намояндаи КДАМ ҶТ дар бораи ташкилотҳои террористӣ аз қабили ДОИШ, Ҷамоати “Ансоруллоҳ”, “Салафия”, омилҳои ҷалб намудани ҷавонон ба ин ташкилотҳо нақл намуд. Қайд гардид, ки дар шабакаи Интернет сомонаҳои махсус мавҷуд ҳастанд, ки ҷавононро ба ин ташкилотҳо ҷалб менамоянд.

Кормандони Агентӣ ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саволҳо доданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД