Дар Агентӣ семинар барои журналистон баргузор гардид

0
1742

Бо мақсади иҷроиши бандҳои “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” 12 ноябр дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ семинар таҳти унвони «Такмили дониши журналистони ҷавони Васоити ахбори оммаи давлатӣ ва кормандони марказҳои матбуоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар мавзӯи вобаста ба назорати муомилоти маводи нашъаовар мавод омода месозанд” баргузор гардид, ки дар кори он журналистони шабакаҳои давлатии телевизион ва радио, нашрияҳои давлатӣ ва намояндагони марказҳои матбуотии як қатор вазорату идораҳо иштирок намуданд.

Ба иштирокчиёни семинар вазифаҳо ва мақсадҳои асосии “Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”, самтҳо ва вазифаҳои асосии сиёсати зиддимухаддиротии Тоҷикистон, вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақа, намудҳои воситаҳои нашъадор ва маводи психотропӣ пешкаш карда шуд. Журналистон, ки дар мавзӯи зиддимухаддиротӣ мавод омода месозанд, бо қоидаҳои асосии риояи этикаи журналистӣ ҳангоми омода намудани мақола, очеркҳои судӣ, инъикос намудани мавзӯъҳои назорати маводи нашъаовар, пешгирӣ ва табобати нашъамандӣ, истилоҳҳо, ки дар соҳаи назорати маводи нашъаовар ва вазъи нашъамандӣ истифода бурда мешаванд, шинос гардиданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД