Дар Агентӣ маводи нашъаоварро сӯзониданд

0
2309

5 декабри соли равон дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби дар қонунгузорӣ муайяншуда дар ҳузури комиссия аз ҳисоби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ, инчунин шабакаҳои телевизионӣ ва хабарии ватанию хориҷӣ маводи нашъаовар аз рӯи 18 парвандаи ҷиноие, ки нисбати онҳо мақомоти судӣ ҳукм баровардааст, сӯзонида шуд.

Ҳамагӣ дар оташдони махсуси Агентӣ 66 кг 859 грамм маводи нашъаовар, аз ҷумла 18 кг 545 гр героин, 36 кг 649 гр афюн, 2 кг 224 гр – ҳашиш ва 9 кг 439 гр маводи нашъаовари гурӯҳи бангдона нест карда шуд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД