Дар Бадахшон қочоқчии маводи нашъаовар дастгир гардид

0
2657

Шабонарӯзи гузашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар ВМКБ як қочоқчии афғонро дастгир намуданд.

Дар рафти бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Бадахшон дар якҷоягӣ бо хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии “Хоруғ”-и


Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар мавзеи наздисарҳадии Майдонаки ҷамоати деҳоти Поршневи ноҳияи Шуғнон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як нафар сокини қарияи Башори улусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистонро бо ду камераи автомобилӣ дастгир намуданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз номбурда ду халта бо маводи бӯи махсус дошта мусодира карда шуд.

Тибқи маълумотномаи Шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ, маводи дарёфтгардида гашиш буда, вазни он 2 кг 032 грамм мебошад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД