Дар ноҳияи Варзоб чорабинии зиддимухаддиротӣ баргузор гардид

0
2189

24 июн дар арафаи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар ноҳияи Варзоб бо иштироки Раиси ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, идора ва ташкилоти давлатӣ чорабинии зиддимухаддиротӣ баргузор гардид, ки мақсади асосии он аз тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни сокинони ноҳия иборат буд.

 

 

Дар баромади намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ қайд гардид, ки мубориза бар зидди сӯистеъмоли маводи нашъаовар яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Президент ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Қайд карда шуд, ки мақсади асосии пешгирии нашъамандӣ – ин тарғиби тарзи ҳаёти солим буда, ин кори на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, балки нерӯҳои солимақли ҷомеа мебошад, ки онҳо нисбати тақдири насли оянда бетафовут нестанд.

Пешниҳод карда шуд, ки дар самти мазкур фаъолияти раисони маҳаллаҳо, ходимони дин, роҳбарияти мактабҳо, корхонаҳо ва падару модарон пурзӯр карда шавад, то ин ки сатҳи истеъмоли маводи нашъаовар дар байни сокинон, хусусан ҷавонон коҳиш дода шавад.

Байни идораҳои давлатӣ озмун-викторина дар мавзӯи нашъамандӣ баргузор гардид. Ба тамошобинон саҳначаҳо, рақсу таронаҳо, намоишҳои либоси миллӣ намоиш дода шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД