Силсилавохӯриҳо дар шаҳри Душанбе

0
2490

Аъзоёни гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯъбаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ дар н. Сино, Прокуратураи н. Сино, Раёсати хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар якҷоягӣ бо раисони шаҳраку маҳаллаҳо бо қишрҳои иҷтимоии аҳолӣ, хусусан бо истиқоматкунандагон ва хонандагони синфҳои болоии муасиссаҳои таълимии миёна ва махсус, бо падару модарони онҳо силсилавохӯриҳо баргузор намуда, мутахасисси ҳар як соҳа оид ба мушкилии имрӯзае, ки дар ҷомеа боиси нигаронӣ гардидааст, ба ҷамъомадагон маълумоти мухтасар пешниҳод менамояд.


Кормандони Шӯъбаи назорати муомилоти маводи нашъаовар ва пешгирии нашъамандии Агентӣ дар вохӯриҳои мазкур оид ба оқибати фоҷиабори истеъмоли маводи мухаддир, харидуфурӯши он, пешгирии ҷинояткорӣ ва мубталошавӣ ба бемориҳои ВНМО/БПНМ ва дигар бемориҳои сироятӣ, инчунин худдорӣ аз амалҳои номатлубро ҳушдор намуда, ролик ва филмҳоро дар ин мавзӯъ пешкаши иштирокчиён менамоянд.

Чунин вохӯриҳо таи ҳафтаи равон дар Маҳаллаи “Ҳаёти нав” (толори мактаби умумии №46), Маҳаллаи “Лучоби боло” (толори мактаби умумии №47), шаҳраки 82(толори мактаби умумии №54) баргузор карда шуданд.

Инчунин аъзоёни гурӯҳи корӣ оид ба ҷиноятҳое, ки аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, аз қабили сар задани задухӯрдҳои гурӯҳӣ, оворагардӣ, дуздӣ, авбошӣ ва дигар амалҳои номатлуб ва оқибати ин гуна амалҳо, суханронӣ намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ байни мутахасисон ва ҷамъомадагон саволу ҷавоб ва ибрози назарҳо баён гардид.

Баргузории силсилавохӯриҳо тибқи нақша то моҳи декабри соли равон идома хоҳанд ёфт.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД