Дар Исфара нашъаҷаллоб дастгир гардид

0
2135

Аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар ҳудуди шаҳри Исфара дар гумони даст доштан ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини деҳаи Кӯлқанд дастгир карда шуд, ки аз ӯ бастаи селлофанӣ бо маводи ҷигариранг мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда “ҳашиш” мебошад.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагӣ ҳамиштирокчии ҷинояти мазкур – сокини шаҳри Душанбе дастгир гардид, ки аз ӯ маводи нашъаовар харидорӣ шуда буд.

Айни ҳол тафтишот ҳамиштирокчиёни боқимондаи ҷинояти мазкурро муайян намуда истодааст.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Раёсати Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД