Дар вилояти Суғд чорабиниҳои зиддинашъамандӣ идома доранд

0
1911

Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар толори Истиқлоли шаҳри Қайроққкум бо ширкати васеи насли ҷавону наврас чорабинии зиддинашъамандӣ доир намуданд. Намояндагони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд доир ба ташаббусоти зиддинашъамандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, омилҳои зуҳури нашъамандӣ ва оқибатҳои ногувори он сухан ронда, ҷавонону наврасонро чун нерӯи пешбари ҷомеа ба ҳифзи фазои амну осоиши кишвар, карона рафтан аз аъмоли ношоиста ва кирдорҳои ҷинояткорона ва ба пешбурд ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим ҳидоят намуд.

Чорабинӣ бо намоишҳои саҳнавии фарҳангиён ва варзишгарони умедбахши шаҳр хотирмон ҷараён гирифта, ба аҳли ҳозирин таассуроти нек бахшид.

Силсилаи чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шарафи Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо мухаддирот бо маром идома доранд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД