ДАР ПОЙТАХТ ЧОРАБИНИҲОИ ЗИДДИМУХАДДИРОТӢ ДАВОМ ДОРАНД

0
2110

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Кумитаи, ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, КВД “Маркази иттилоот ва тамоюли ҷавонон”, “Маркази миллии имконоти ҷавонони шаҳри Душанбе” дар маҳаллаи “Крупская”- ва колеҷи касбӣ-сохтмонии №40-и ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯриҳо масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, нигоҳдории саломатии насли наврас, эмин доштани онҳо аз хатари истеъмоли маводи нашъадор баррасӣ гардиданд. Кормандони Агентӣ оиди оқибатҳои фоҷиаовари истеъмоли маводи нашъадор, омилҳои номатлуби даст задан ба истеъмоли нашъа, оиди сироятшавӣ бо вирусҳои ВНМО (СПИД), Гепатити С, содир намудани ҷиноят аз тарафи наврасон сӯҳбат гузарониданд. Қайд гардид, ки дар баробари мактабҳо волидайн низ барои дар роҳи дуруст тарбия намудани кӯдакони худ бояд масъулият дошта бошанд.

Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.

 

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД