Дар пойтахт чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ давом доранд

0
1986

Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, Раёсати занон ва оила, Раёсати маорифи шаҳри Душанбе дар маҳаллаи “Ҳосилот” бо истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур дар хусуси омилҳои номатлуби нашъамандӣ, ҷинояткорӣ, тероризм, экстремизм ва бемориҳои сироятии ВНМО вохурӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ, нигоҳдории саломатии насли наврас, эмин доштани онҳо аз хатари истеъмоли маводи нашъадор баррасӣ гардиданд.
Кормандони Агентӣ бо сокинони маҳалла оиди оқибатҳои фоҷиаовари истеъмоли маводи нашъадор, омилҳои номатлуби даст задан ба истеъмоли нашъа, оиди сироятшавӣ бо вирусҳои ВНМО (СПИД), Гепатити С, содир намудани ҷиноят аз тарафи наврасон сӯҳбат гузарониданд. Қайд гардид, ки дар баробари мактабҳо волидайн низ барои дар роҳи дуруст тарбия намудани кӯдакони худ бояд масъулият дошта бошанд.
Дар охири чорабинии мазкур ба ҳамаи иштирокчиён варақаҳои иттилотӣ ва буклетҳо тақсим карда шуданд.
21042017-2

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД