Дар пойтахт се шаҳрванд бо маводи нашъаовар боздошт гардиданд

0
2054

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёт кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе се шаҳрвандро бо маводи нашъаовар дастгир намуданд.

Дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории пойтахт зодаи 24-солаи ноҳияи Рӯдакӣ дастгир гардид, ки дар дохили кулоҳаш як адад баста бо маводи нашъаовари гашиш пинҳон карда буд.

Дастгиршуда ба Агентӣ оварда шуд ва дар рафти тафтишот нишон дод, ки маводи нашъаоварро аз шиноси 24-солаи худ – зодаи шаҳри Турсунзода, ҳоло сокини пойтахт харидорӣ намудааст. Дар натиҷаи андешидани чораҳои иловагии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ фурӯшандаи эҳтимолии маводи нашъаовар дар автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” дастгир карда шуд. Ҳангоми кофтукови автомашина бо истифода аз саги хизматӣ аз таги хокистардони он як адад баста бо маводи нашъаовари гашиш ёфт ва мусодира гардид.

Нисбати ин ҳодиса аз рӯи моддаи 200 қ. 2 – “Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори начандон калон” парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.

Боздоштшудагон ҳоло ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

НАЗАРИ ХУДРО ГУЗОРЕД